Дар Павилйиони миллии Тоҷикистон дар COP29 Рӯзи Президент таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Павилйиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP29 Рӯзи Президент таҷлил карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд, чорабинии канорӣ бо сухани ифтитоҳии Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода оғоз гардида, иброз карда шуд, ки агар аз рӯйи дарки ҳақиқат хизматҳои қиёснашавандаи Сарвари давлатро бо амалҳои созандагиву бунёдкориашон пеши назар орем, қобилияти баланди кордонӣ ва касбияти сиёсии ин шахсияти нотакрору беназир ҳамчун Пешвои миллат инъикос мегардад. Воқеан хизмату фидокорӣ ва ҷоннисориҳои Сарвари давлат барои ҳар фарди худшиносу миллатдӯст ва ватандӯсту ватанпарвар сабақи ибрат аст.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода таъкид намуд, ки ин сана барои мардуми Точикистон бисёр муҳим буда, маҳз бо хизматҳои бузурги худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатро аз вартаи нобуди наҷот дода, сулҳу суботро дар саросари мамлакат барқарор намуданд.
Инчунин Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдурраҳомон иброз намуд, ки бо ҳидояти Пешвои миллат, Тоҷикистон дар давоми беш аз 30 сол бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, узви комилҳуқуқи 57 созмони байналмилалию минтақавӣ гардид.
Дар фарҷом меҳмонон аз намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намоишгоҳи расмҳои табиати зебои Тоҷикистон дидан намуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон