Дар шаҳри Хучанд тарабхонаи замонавии «Форел» сохта мешавад

Ноябрь 12, 2024 10:50

ДУШАНБЕ, 12.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳили рости дарёи Сири шаҳри Хуҷанд тарабхонаи замонавии «Форел» сохта мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Бо назардошти минтақаи хуби истироҳативу сайёҳӣ будани мавзеъ соҳибкорон тасмим гирифтаанд, ки тарабхонаи брендӣ ташкил намуда, ба сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд хизмат расонанд.

Зимни бунёди ин тарабхона тозаву озода нигоҳ доштани соҳили дарё, бартарафсозии иншооти нозарур ва таъмиру тармими тайёраи «ИЛ-18», ки дар ин мавзеъ қарор дорад, дар назар дошта шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Ноябрь 12, 2024 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд