Дар Тоҷикистон амалиёти стентгузории варидӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 13.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» амалиёти стентгузории варидӣ бе буриш ва ба тариқи миниинвазивӣ ба бемории трамбози баъди картизатсионии варидҳои чуқури пойҳо гузаронида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин амалиёт дар шаҳрванди 31-сола, ки беш аз 25 сол гирифтори бемории трамбози баъди картизатсионии варидҳои чуқури пойҳо буд, гузаронида шуд.
Мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо Ҷамшед Раҳмонов, ки ин ҷарроҳиро гузаронид, иброз дошт, ки «бемор то имрӯз ба воситаи доруворӣ табобат мегирифт ва ташхиси ҳозиразамон нишон дод, ки рагҳои хунгарди ӯ аз тарафи пойи рост дар масофаи зиёда аз 10 сантиметр баста шудаанд».
Табобати анъанавии ин гуна беморон чунин буд, ки аз дигар ҷойи пойи худи бемор раги хунгардро гирифта, иваз мекарданд ва ё дар ҳолати дуруст наомадани раги хунгард рагҳои хунгарди синтетикӣ истифода мешуданд.
Бо истифода аз технологияҳои муосир, аз қабили таҷҳизоти ангиография, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо дастрас гардидааст, ба тариқи варид рафта, дар ҷойи тангӣ, ки раги хунгарди пойи рости бемор маҳкам буд, стент гузошта шуд.
Пас аз ҷарроҳӣ аллакай варами пойи бемор гашта, пурхунии варидҳои зери пӯст кам ва захмҳо аллакай рӯ ба мақкамшавӣ овардаанд.
Дар самти бемориҳои рагҳои хунгард бояд гуфт, кибемориҳое ҳастанд, ки ҷараёни бисёр вазнин доранд ва солҳои пеш илоҷи табобати онҳо хеле кам буд. Дар ин гуна беморон аксаран амалиёти ҷарроҳии анъанавӣ гузаронида мешуд ва онҳо солҳои дароз ба воситаи доруворӣ табобат мегирифтанд. Бо сабаби сар задани чандин оризаҳо бархеи онҳо ҳатто маъюб мегардиданд. Солҳои қабл пойҳои ин гуна беморонро бурида мепартофтанд, то онҳоро аз азоб озод кунанд.
Ҳоло дар мамлакат бо ворид гардидани технологияи муосир ва бо истифода аз донишу таҷрибаи мутахассисони соҳа ин беморӣ пурра табобат карда мешавад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Айнӣ беморхонаи минтақавӣ бунёд карда мешавад
Таҷрибаи Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар доираи СҲШ муаррифӣ карда шуд
20 АПРЕЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Ин мақомот сиёсати ҳуқуқии давлатро таъмин мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай фаромӯшхотириро кам мекунад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид






