«Digital Tajikistan». Форуми байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ мусоидат мекунад

Ноябрь 26, 2024 15:50

ДУШАНБЕ, 26.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 25 ноябр дар шаҳри Душанбе бори нахуст Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода иброз намуд, ки ҳадаф аз баргузории форум муаррифии имконият ва зарфияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии инфрасохтори давлатӣ ва бахши хизматрасонии молиявӣ мебошад. Инчунин табодули таҷриба бо мутахассисони байналмиллалӣ ба рушди саноат ва тиҷорати рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст. Ин ҳамоиши сатҳи баланд ба иқдоми навбатии ҳукумати мамлакат бобати рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ дар мамлакат мусоидат мекунад.

Дар форум беш аз 1000 нафар соҳибкорон, сармоягузорон, коршиносони самти технологияҳои иттилоотӣ, намояндагони ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ ва дигар коршиносон доир ба таҷрибаҳояшон мубодилаи афкор намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми чанд соли охир як силсила ислоҳоти бузург дар самти инноватсияи рақамиро амалӣ намуд.

Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан Ҳафтаи инноватсия ва табдили рақамии Тоҷикистонро доир намуд. Ҳадафи он муаррифии технологияҳои рақамӣ ҳамчун бахши муҳими рақамисозӣ дар мамлакат, рушди хизматрасонии электронӣ, ҳукумати электронӣ ва рушди технологияҳои нав мебошад.

Ҳамчунин иброз шуд, ки Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» идомаи мантиқии ҳафтаи инноватсияҳо буда, масъалаҳои муҳимми марбут ба ин таҳаввулот, ба монанди тиҷорати электронӣ ва такмили инфрасохтори давлатӣ, рушди бонкҳои рақамӣ, истифодаи технологияи блокчейн, таъмини амнияти киберӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва дурнамои Open Banking дар минтақаро дар бар мегирад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «замони муосир талаб мекунад, ки тамоми равандҳои иқтисодӣ ва хизматрасонӣ тавассути истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотиву иртиботӣ дар заминаи инфрасохтори иттилоотӣ амалӣ шаванд».

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ташаккули Ҳукумати электронӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ зери таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ «Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» ва тағйиру иловаҳо ба беш аз 100 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Завқӣ Завқизода  афзуд, ки «дар даҳ соли охир суръати рушди иқтисоди рақамӣ нисбат ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ 2,5 маротиба афзоиш ёфта, ҳиссаи иқтисоди рақамӣ ба ҳисоби миёна беш аз 15 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилии глобалиро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда барои давлатҳои алоҳида то 40 фоиз ба мушоҳида мерасад. Ҳаҷми умумии тиҷорати электронӣ дар ҷаҳон аз 17 триллион доллар дар соли 2016 то 27 триллион доллар дар соли 2022 ё 1,6 маротиба афзоиш ёфтааст. Инчунин истифодабарандагони смартфонҳо аз 1 миллиард адади соли 2014 ба 5 миллиард адад дар соли 2024 расида, 5 маротиба зиёд шудааст».

Дар идомаи кори форум бо ҷалби васеи коршиносон дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла «Рушди Тоҷикистон — роҳ ба сӯи ҷомеаи муосири рақамӣ», «Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва низоми ҳамкорӣ бо шаҳрвандон», «Истифодаи технологияи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти бонкӣ», «Табдили рақамӣ. Рақамикунонии бонкдорӣ ва чакана» ва дигар масъалаҳои фарогири самти инноватсия ва рақамикунонӣ назари коршиносон пешниҳод гардид.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 26, 2024 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад