ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Президент

Ноябрь 14, 2024 15:43

ДУШАНБЕ, 14.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Президент аст. Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ дар мақолааш ба унвони АМИТ «Ховар», ки ба ин рӯз бахшида шудааст, чунин ибрози назар намудааст:

— Миллати сарбаланди тоҷик ҳамеша ба хизматҳои шахсиятҳои миллӣ, абармардони ҷонфидои миллат, роҳсозони саодати миллат ва қаҳрамонони миллӣ арҷ мегузорад ва доим хизмати бузургонашро ба некӣ ёд намуда, ҳаргиз онҳоро фаромӯш намесозад. Дар таърихи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол низ нақши шахсиятҳо муассир буда, дар ин сафҳаи нави таърихи миллат нақш, ҷойгоҳ ва мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст.

Тоҷикистони тозаистиқлол ба фарзанди содиқу ҷонфидо, ватандӯсту шуҷоъ ва дилсӯзу хирадманд ниёз дошт, то роҳи нави фардои миллатро муайян бисозад. Маҳз ватандӯстии аз ҳад баланд ва интихоби дурусти халқ фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба майдони сиёсат ворид намуданд.

Ин нуктаро бояд таъкид намуд, ки ҳар сол дар ҷумҳурӣ 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад ва ин сана ҳам мисли дигар санаҳои муҳиму зарурӣ барои миллат муборак ва иди миллӣ аст. Зеро маҳз дар ин рӯз фаъолияту талошҳои Президент ва дастоварду  муваффақияти корашон таҳлил ва баррасӣ карда мешавад. Аз дигар тараф, таҷлили Рӯзи Президент — ин арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги шахсияте аст, ки умри хешро сарфи роҳи ободиву осудагии Ватан ва хушбахтии миллат намудаанд ва иттилои аввалин дар бораи сохтани давлати миллӣ ба зеҳни ҳар нафар номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пеши назар меоварад. Ин ҳам аз маниши миллати тоҷик аст, ки ҳамеша ба бузургонаш арҷ мегузорад. Хизмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саодати миллати тоҷик ва бунёди давлати миллӣ бесобиқа мебошад.

Ин нуктаро боз ҳам таъкид менамоям, ки ҳар халқу миллат бе паноҳгоҳи сиёсӣ ва давлати миллӣ дар арсаи байналмилалӣ худро ҳамчун миллати комил ва соҳибмақом муаррифӣ намуда наметавонад. Ҳамон гуна, ки имрӯз халқияти зиёде ҳастанд, ки дар ҷаҳони муосир на давлат доранд, на обрӯву мақом ва ин як мушкили аслӣ аст. Миллати бе давлат  миллати сағир ва беовозу кӯтоҳумр аст. Миллати бе давлат арзишҳояшро ҳимоя намуда наметавонад ва зуд аз байн меравад ва ё зери фарҳанги бегона таслим мешавад. Чунки давлат ва қудрати идорӣ метавонанд миллатро бақо бахшанд ва тамоми арзишҳоро ҳифз намоянд. Ҳамин аст, ки миллатҳои соҳибдавлат ҳам фарҳангу забони хешро ҳимоя намудаанд ва ҳам ҳофизаи таърихии худро зинда нигоҳ доштаанд, ки ин нишони тавоноӣ, сарбаландӣ ва қудрат аст. Мустақил ва соҳибдавлат будани ҳар халқу миллат- ин нишони қудрати воло ва ваҳдати комили он ҷомеа мебошад. Миллати соҳибдавлат миллати бузург ва қавӣ мебошад. Зиёда аз 90 фисади халқу миллатҳо имрӯз дар ҷаҳон давлати миллии худро надоранд ва ба онҳо хатари нестшавии фарҳангу забон таҳдид менамояд. Миллати соҳибдавлат аз қавми кӯчманчӣ ва оворагард бо доштани арзишҳои бузурги давлатдорӣ фарқ менамояд.

Ҳодисаҳои нангини аввали солҳои 90-ум дар Тоҷикистони соҳибистиқлол вазъи сиёсиву иқтисодиро боз ҳам буҳронӣ карда буд ва оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ  барои фардои миллат ва бақои давлати Тоҷикон хатари бузург буд. Ду масъалаи муҳим буд, ки аввал бояд ҳал карда мешуд ва ин ҳам хотима додан ба ҷанг ва пешгирӣ аз нобудии давлат мебошад. Маҳз талошҳои пайваставу бедорхобиву ҷонфидоиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ин ду масъалаи асосӣ- яъне хатми ҷанг ва наҷоти давлату миллат ҳал карда шуд.

Дидгоҳҳо ва назарҳои инсоният ҳамешамухталиф буда, ин аз таърих ва пажуҳиши олимон ба мо маълум аст, лек тағйирдиҳандагони тақдири башарият ва инсонҳо хеле кам мебошанд. Миллати тоҷик ду нафарро ёд дорад, ки яке Оли Сомон асту дигар Оли Раҳмон. Оре,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон девори нангу номус ва ҷасору қуллаи хештаншиносиянд, ки Тоҷикистонро дар ҳазораи сеюм аз бозиҳои геополитикӣ вораҳонида, масири истиқлолро ҳифз намудаанд.

Шоири тоҷик шодравон Гулназар Келдӣ  роҷеъ ба роҳи паймудаи миллат сухан ронда, аз саодати миллат хушҳолӣ намуда, онро роҳи шараф номидааст:

Ин роҳ, ки бар тани Ватан шарён аст,
Роҳи шарафи Эмомалӣ Раҳмон аст.

Пайдо кардани роҳи ҳалли масъала, хотима бахшидан ба ҷанги хонумонсӯз ва эҷоди формулаи нав фақат кори пешвоён аст, ки Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин як формуларо эҷод намуданд ва ба тоҷику тоҷикистониён сулҳ оварданд. Доир ба ин масъала адиби доғистонӣ Расул Ғамзатов чунин гуфтааст: «…Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд — Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад».

Кунун Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мамлакати рӯ ба рушд ба давлати тараққиёфта табдил ёфтааст, ки ин бурди бузург ва муваффақияти хеле назаррас мебошад. Дар фурсати кӯтоҳе мо ба дастовардҳои беназир ва бузург ноил гардидем, ки дар он саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр ҳам бузург мебошад.

Дар ҳақиқат, хизматҳои Президенти мамлакат дар роҳи бунёди давлатдории навини тоҷикон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ басе бузург мебошад  ва бахти миллати тоҷик аст, ки чунин фарзанди ҷонфидо ва ватандӯсту башардӯст дорад.

Дар бораи қаҳрамонӣ ва фаъолияти пурсамари Сарвари хирадмандамон, абармарди сиёсат, Қаҳрамони Тоҷикистон, сиёсатмадори шинохтаи ҷаҳон сиёсатмадорон ва рӯзноманигорону коршиносон, адибони номдори тоҷик  борҳо суханҳои пандомӯз гуфтаанду дар воситаҳои ахбори омма ба нашр расидаанд.

Дар робита ба дилсӯзӣ ва талошҳову сулҳхоҳии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқ вазири дифои Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд боре чунин изҳори ақида намуда буд: «Ман имрӯз Роҳбари давлати Шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери борони тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо-афғонҳо дар ин солҳои ҷанг он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштем».

Оре, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафаре ҳастанд, ки ҷонашонро барои миллат фидо месозанд ва инро миллати сарбаланди тоҷик борҳо шоҳид буду бо чашми сар дидааст. Сарвари хирадманди давлат воқеан ҳам барои рушди давлати миллии тоҷикон ва саодати миллат умри хешро бахшиданд, ки инро миллати тоҷик ҳаргиз фаромӯш намесозад ва ҳамеша ба он арҷ мегузорад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар муддати кӯтоҳ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки бо зиёда аз 170 давлати ҷаҳон ҳамкорӣ намоянд ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд, ки ин ба пешрафти ҷумҳуриамон кумак менамояд. Феълан, Тоҷикистон бо зиёда аз 160 мамлакати ҷаҳон равобити тиҷоратӣ дорад, ки ин аз талошҳо ва кӯшишҳои Сарвари давлат дарак медиҳад.

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ ва дифоъ аз тоҷикияту ҳуқуқи башар аз минбарҳои баланд садо медиҳанд, ки боз ҳам нишони гуманизми баланди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошанд. Бо боварии комил имрӯз метавон гуфт, ки вақте номи Тоҷикистонро мегирӣ, ҳатман ҷаҳониён номи Пешвои миллатро ба забон меоранд ва чеҳраи он кас пеши назарҳо ҷилвагар мегардад, ки ин аз сиёсатмадори қавии ҷаҳонӣ будани он кас дарак медиҳад. Ҷаҳониён кунун мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмонро эътироф намуда, онро дар адабиёти дарсии хеш ҷой додаанд, ки ин эътирофи эътироф аст. Ва  ҳамчунин аз ҷониби Кумитаи академикии Шурои Аврупо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори Ҷоизаи «Пешвои асри 21» гардиданд, ки ин ҳам идомаи ҳамон эътироф аст.

Як ҳолати таърихиро бояд мардона иқрор шавем, ки интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик ҳамчун роҳбар беҳтарин интихоб буд. Имрӯз миллат ба тамоми орзуву омолаш расид ва муҳимтар аз ҳама, сулҳу ваҳдат ба даст омад ва Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳрати баланд касб намуд. Дар ин замина олими тоҷик Кароматулло Олимов гуфтааст, ки «вақте вакилони Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Раиси Шурои Олӣ ҷонибдорӣ намуданд, кори таърихиеро оғоз бахшиданд. Мо соҳиби Пешвои миллӣ шудем. Имрӯз мо бояд Пешвои умумимиллиамонро ҳифз ва қадр намоем, зеро онҳое, ки Пешвои миллаташонро ҳифз ва қадр намекунанд, давлатдории миллӣ ва сулҳу суботро танҳо орзу менамоянд».

Бале, дар ҳақиқат доштани лидери сиёсӣ дар шароити кунунии ҷаҳонӣ хеле зарур аст ва маҳз талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-Президенти мардумӣ ва маорифпарвару миллатдӯст буданд, ки кунун Тоҷикистон ба ҷумҳурии пешрафта ва дорои сулҳу суботи комил табдил ёфт. Ҳар фарди соҳибхирад ва равшанфикру хештаншинос бояд ин воқеиятро дарк намояд, ки маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши давлати навини тоҷикон мебошанд.

Ин нуктаро бояд таъкид намоем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша барои рушди зиндагии босуботу босаодати миллат талош менамоянд, ки ин хизматро миллати сарбаланди тоҷик ҳаргиз фаромӯш намекунад.

Эҳтиром гузоштан ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — эҳтиром бар ҳақиқати таърих мебошад. Эҳтиром гузоштан бар фарзонафарзанди миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон- ин эҳтиром ба фардои дурахшони Тоҷикистон аст!

АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 14, 2024 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон