Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Малайзия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия бо иштироки Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва роҳбарону намояндагони мақомоти давлатию доираҳои сармоягузории Малайзия Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Малайзия баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ хабар медиҳад.
Дар форум имконият ва зарфияти сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муаррифӣ карда шуд.
Дар доираи форум зимни баргузории панели алоҳида таҳти унвони «Тоҷикистон ва Малайзия: Анҷумани шабакаҳои тиҷоратӣ» Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузрӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода ва муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода ба саволҳои соҳибкорону сармояузорони Малайзия доир ба фазо ва имконияти сармоягузории Тоҷикистон посухҳои мушаххас доданд.
Иброз шуд, ки ҳамкории гуногунҷанба байни ду давлат ба сатҳи сифатан нав баромада, баргузории чунин чорабиниҳо ба ташкили корхонаҳои муштарак, рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, ҷалби сармоя, воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкории дуҷонибаи иқтисодию сармоягузори ҷонибҳо мусоидат менамояд.
Иштирокчиёни форум ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва сатҳи чорабинӣ баҳои баланд доданд. Намояндагони Тоҷикистон бо ҷониби Малайзия ба мувофиқа расиданд, ки ҳайатҳои сармоягузорон ва соҳибкорони малайзиягӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба амалӣ намудани фаъолияти сармоягузориро баррасӣ намоянд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон













Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






