Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «ASMOPSS» соҳиби ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд

Ноябрь 19, 2024 16:09

ДУШАНБЕ, 19.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «ASMOPSS» соҳиби ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Олимпиадаи байналмилалии «ASMOPSS» аз 11 то 16 ноябр дар Ҷумҳурии Индонезия баргузор гардида, дар он аз Тоҷикистон 9 хонандаи Литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Ҳисор иштирок намуд.

Аз ҷумла, се хонанда – Ансор Ваҳҳобов соҳиби ҷойи II, Салим Мирзоев ва Салмон Қурбонмамадов соҳиби ҷойи III гардиданд. Ин дастовард баёнгари рушди ҳаракати олимпӣ дар мамлакат ва афзоиши таваҷҷуҳи хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ буда, натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии хонандагон ва омӯзгорони мамлакат мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки олимпиада аз соли 2018 инҷониб дар Ҷумҳурии Индонезия бо иштироки хонандагони кишварҳои Тайланд, Ветнам, Филиппин, Ҳонконг, Малайзия ва дигар давлатҳо аз фанҳои математика ва табиатшиносӣ дар сатҳи миёна баргузор мегардад. Он  барои омода шудан ба олимпиадаҳои байналмилалии сатҳи баланд ва ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 19, 2024 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд