Коршиносони Кореяи Ҷанубӣ бо истеҳсолот ва дарсҳои амалӣ дар корхонаи «Гулистони Душанбе» шинос шуданд

Ноябрь 17, 2024 09:00

ДУШАНБЕ, 17.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи коршиносони Кореяи Ҷанубӣ дар доираи татбиқи «Лоиҳаи таъсиси Маркази таълимии технологияҳои нассоҷӣ барои омода намудани муҳандисони саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон» байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва KOICA бо ҷараёни истеҳсолот ва баргузории дарсҳои амалӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи  «Гулистони Душанбе» шинос шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи технологӣ хабар медиҳад, зимни шиносоӣ бо маҳсулоти истеҳсоли корхона коршиносон бо роҳбарият ва мутахассисони соҳаи дӯзандагӣ мулоқот намуданд.

Коршиносон инчунин ҷараёни баргузории дарси амалии филиали кафедраи дизайни либос ва санъати мӯди Донишгоҳи технологӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе»-ро назорат намуда, бо донишҷӯён суҳбат анҷом доданд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Ноябрь 17, 2024 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид