ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Равшан» дастаи футболи «Хуҷанд»-ро мағлуб намуд
ДУШАНБЕ, 21.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бозии мавқуфмондаи даври 19-уми Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Вохӯрии дастаҳо дар марказии шаҳри Кӯлоб доир шуда, бо натиҷаи 3 бар 2 ба фоидаи дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб анҷом ёфт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳоло дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 43 имтиёз дар зинаи дуюм буда, ҳама бозиҳоро дар мавсими имсола анҷом дод. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо 2 бозии захиравӣ ҳоло 40 имтиёз дорад ва дар зинаи сеюм аст.
Дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ҳоло бозиҳои мавқуфмондаро ба муқобили дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода доир мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 50 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа буда, пеш аз муҳлат аллакай унвони чемпиониро соҳиб шуд. Барои дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ин сенздаҳумин медали тилло дар таърихи бошгоҳ аст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






