Масъалаи пешбурди савдо ва таҳкими имконияти молиявӣ дар Осиёи Марказӣ дар Душанбе баррасӣ шуд

Ноябрь 12, 2024 14:55

ДУШАНБЕ, 12.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода бо намояндагони Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо (ITFC) баргузор гардид. Мақсади мулоқот аз баррасии ҷанбаҳои муҳими ҳамкории иқтисодӣ ва мубодилаи афкор оид ба ташаббуси «Тиҷорати Осиёи Марказӣ Плюс» (TCCA+), ки ба пешбурди савдо ва таҳкими имконияти молиявӣ дар Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст, иборат буд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ хабар доданд.

Аҳлиддин Нуриддинзода аҳамияти шарикӣ бо ITFC-ро таъкид намуда, иброз дошт, ки «дастгирии ин корпоратсия дар соҳаҳои маблағгузории савдо ба таҳкими иқтисодиёти Тоҷикистон ва минтақа мусоидат мекунад». Муовини Вазири рушди иқтисоди ҷумҳурӣ барои саҳми ITFC дар густариши имконоти маблағгузории исломӣ, ки барои корхонаҳои ватанӣ дурнамои нав мекушояд, изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар ҷараёни мулоқот намояндагони ITFC маълумотро дар бораи ҷараёни татбиқи ташаббуси TCCA+ пешниҳод намуда, нақшаҳои дастгирии савдо ва содагардонии расмиёти савдоро баррасӣ карданд. Ин амал барои таҳкими низоми савдо ва баланд бардоштани иқтидори содиротии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад. Ҳангоми муҳокима таваҷҷуҳи махсус ба риояи стандартҳои байналмилалӣ ва рушди неруи инсонӣ равона гардид.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи ташаббуси TCCA+ изҳори омодагӣ намуданд. Иброз гардид, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои нав, ки ба рушди иқтисоди мамлакат нигаронида шудаанд, ҳамеша омода мебошад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 12, 2024 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид