Муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои муътадил гузаронидани зимистон чӣ гуна омодагӣ дидаанд?

Ноябрь 1, 2024 08:30

ДУШАНБЕ, 01.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳри Душанбе бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иттилоъ дод, барои сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаи маорифи пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 ситоди назди Сарраёсати маориф таъсис дода шудааст.

«Нақшаи захираи ангишт ба ҳолати имрӯза бо назардошти бақия–1447,6 тонна, ҳезум бо назардошти бақия – 1085,06 метри мукааб (145 фоиз), сӯзишвории дизелӣ 8106 литр (166 фоиз) харидорӣ ва захира карда шудааст»,- афзуд сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Дар тавозуни 51 муассисаи таълимии томактабӣ ва миёнаи умумии пойтахт, новобаста аз шакли ҳуқуқию ташкилӣ 59 дегхона, ки 27 ададаш ангиштӣ ва 32 адади дигар барқӣ мебошанд, мавҷуд аст.

Вобаста ба фаъолияти онҳо, ҳамзамон барои аз таъмири ҷорӣ ва назорати техникӣ гузаронидани он ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ тибқи талабот дастуру супоришҳо дода шудааст. Омодагӣ ва таъмири ҷории дегхонаҳо аз ҳисоби маблағҳои дар нақша пешбинишуда амалӣ гардонида мешаванд.

«Ҳолати корӣ ва техникии ин дегхонаҳо аз ҷониби Хадамоти назорати барқу энергетика ва «Маркази назорати таҳлилию ташхисӣ»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шуда, барои омода буданаш иҷозатномаи махсус пешниҳод карда мешавад», -иттилоъ дод ӯ.

Дар доираи маблағҳои пешбинигардида муассисаҳои таълимии томактабӣ, мактаб-интернатҳо ва Хонаи кӯдакон маҳсулоти озуқа харидорӣ намуда, тибқи талабот ҳар моҳ онро захира менамоянд. Иброз гардид, ки бо мақсади сарфаи энергияи барқ муассисаҳои таълимии пойтахт бо ҳисобкунакҳои барқӣ таъмин буда, инчунин синфхона, роҳрав, гурӯҳҳо, утоқҳои корӣ ва дигар биноҳои ёрирасон бо лампаҳои каммасраф таъмин карда шудаанд. Масъалаи истифодаи мақсадноку самараноки неруи барқ таҳти назорати доимии мақомоти дахлдор, роҳбарону муассисаҳои таълимӣ ва ситод қарор дорад.

Вобаста ба пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар бинову иншооти соҳаи маориф иншоот бо системаи автоматикии аз сӯхтор воқифкунанда таъмин мебошанд. Барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 1, 2024 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сертификати «Беҳтарин маркази забономӯзӣ» сарфароз гардонида шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид