Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 22.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» аз моҳи март то моҳи ноябр дар чор номинатсия гузаронида шуд.
Дар номинатсияи «Беҳтарин маводи насрӣ (мақола, ҳикоя, қисса, роман, достон ва ғ.) дар васфи Ватан» ҷойи якум ба Сипеҳр Ҳасанзод, ҷойи дуюм ба Далер Абдулло ва ҷойи сеюм ба Анвар Юсупов дода шуд.
Дар номинатсияи «Беҳтарин ролики таблиғотӣ, барнома ё филми муаллифӣ дар мавзуи Ватан» Дилбар Наҷмиддинзода ҷойи якум, Амирҳамза Давлатов ҷойи дуюм ва Умед Шарифзода ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Дар номинатсияи «Беҳтарин тарғибгари дастовардҳои миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ» ҷойи якум ба Афзалшоҳ Баҳодуров, ҷойи дуюм ба Масрур Меликзода ва ҷойи сеюм ба Сайнуриддин Исмоилзода дода шуд.
Дар номинатсияи «Беҳтарин тарғибгари мавзеъҳои сайёҳӣ дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ» ғолиби ҷойи якум Марзия Саидова, ҷойи дуюм Саидакбар Ҷалолов ва ҷойи сеюм Ҷаҳонгир Сафарализода гардиданд.
Ба ғолибони ҷойи якум 7 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 5 ҳазор ва ҷойи сеюм 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» дар чор номинатсия аз моҳи март то моҳи ноябр гузаронида шуд.
Тибқи низомнома, дар он рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаи интернет (блогерон) иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории Фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз истиқлоли давлатӣ, эҳтирому муҳаббат нисбат ба Ватан ва расму оинҳои мардумӣ, тарғиб ва муаррифии дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, шиносо намудани сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ бо табиати зебоманзари мамлакат ва эҳёи ҳунарҳои мардумию армуғонҳои миллӣ мебошад.
Фестивал-озмуни эҷодӣ дар асоси банди 27 «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, баргузор гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»


























































Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






