Таҷлили Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон
ДУШАНБЕ, 16.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябри соли 2024 дар шаҳри Боку дар толори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар макони баргузории чорабиниҳои байналмилалии СОР29 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашнҳои давлатӣ – 32-солагии баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар доданд.
Дар маҷлис Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, Сафири Тоҷикистон ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳайати кормандони Сафорат ва донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олии Озарбойҷон иштирок намуданд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода ва Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон дар бораи аҳамияти Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарорсозии низоми конститутсионӣ дар мамлакат сухан гуфтанд.
Иштирокчиён нақши муассир ва саҳми бузурги Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар раванди эҳёи давлатдориии тоҷикон ва рукнҳои он, таъмини сулҳу субот ва рушду шукуфоӣ дар мамлакат таъкид намуданд.
Дар фарҷом меҳмонон аз намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намоишгоҳи расмҳои табиати зебои Тоҷикистон дидан намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон


















Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






