ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, панҷшанбе, 333-юмин рӯзи соли 2024 аст
Соли 1947 аввалин шумораи рӯзномаи «Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» нашр шуд.
***
28 ноябри соли 2007 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара» қабул гардид.
***
28 ноябри соли 2010 дар ноҳияи Данғара маросими ботантанаи оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» баргузор гардид.
***
28 ноябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рӯйхати 500 мусулмони бонуфузтарини олам, ки аз ҷониби Маркази шоҳигарии тадқиқоти стратегии исломии Уммон бо дастгирии Маркази ҳамдигарфаҳмии мусалмонону масеҳиёни Ҷорҷтаун тартиб дода мешавад, дохил шуданд.
***
Соли 2012 дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди байниҳукуматии Тоҷикистон ва Олмон оид ба масъалаи ҳамкории иқтисодӣ-техникӣ баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар Венгрия Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати ташаббускори бузург дар масоили байналмилалии марбут ба об дар Саммити оби Будапешт суханронӣ намуданд.
***
28 ноябри соли 2017 дар ҳошияи нишасти сарварони китобхонаҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
***
28 ноябри соли 2018 вакилони палатаи поёнии Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон»- ро баррасӣ ва қабул намуданд.
***
28 ноябри соли 2019 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуданд.
***
28 ноябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити 15-уми сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Ашқободи Туркманистон иштирок намуданд
***
28 ноябри соли 2022 Вазорати нақлиёти мамлакат ва «China Railway Wuju (Group) барои сохтмони чор қитъаи роҳи мошингард дар шимоли Тоҷикистон қарордод ба имзо расониданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар доираи баргузории ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмиву техникии Тоҷикистон ва Туркманистон санади ҷаласаи 12-уми Комиссия аз ҷониби ҳамраисони ҷаласа ба имзо расид.
28 НОЯБР:
Дар Панама –Рӯзи истиқлол.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Равшан Раҳмонӣ, соли 1954 — фолклоршинос, мардумшинос, адабиётшинос, рӯзноманигор, доктори илмҳои филологӣ (1998), профессор (2002).