ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 ноябр, ҷумъа, 334-умин рӯзи соли 2024 аст
29 ноябри соли 2008 дар Давлати Қатар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли вақти Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун масоили татбиқи ҳамоҳангсозии кумаки беруна ба Тоҷикистон, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятии СПИД, сил, вараҷа ва ғайра, таҳкими ҳифзи сарҳадоти давлатӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Осиёи Марказиро баррасӣ намуданд.
***
29 ноябри соли 2008 дар Давлати Қатар барои ба роҳ мондани ҳамкории судманд байни телевизиони иттилоотии Тоҷикистон – «Ҷаҳоннамо» ва телевизиони овозадори «ал-Ҷазира»-и Давлати Қатар мувофиқаҳо ҳосил шуданд. Тибқи онҳо, телевизионҳои «Ҷаҳоннамо» ва «ал-Ҷазира» барои омода намудани мутахассисони ҷавон ва мубодилаи иттилооту таҷриба ҳамкорӣ менамоянд.
***
Дар ин рӯзи соли 2009 дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд хати 500- киловолтаи «Ҷануб – Шимол» ва се хати 220-киловолта ба истифода дода шуданд.
***
29 ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба Ҷумҳурии Фаронса сафар намуданд.
***
29 ноябри соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки дар доираи Саммити оби Будапешт баргузор гардид, суханронӣ намуданд.
***
29 ноябри соли 2016 хонандаи тоҷик соҳиби Шоҳҷоизаи олимпиадаи 14-уми байналмилалӣ аз фанни забони русӣ ба номи А. Пушкин гардид.
***
Соли 2016 дар шаҳри Душанбе дурнамои муносибатҳои тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон муҳокима гардид.
***
29 ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
29 ноябри соли 2021 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон Ий Ёнро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Форуми «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» ба Тоҷикистон омада буд, ба ҳузур пазируфтанд.
***
29 ноябри соли 2022 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он нахуст ҳисобот оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022» шунида шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Душанбе бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ намудани сиёсати дарҳои кушод Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Федератсияи Русия баргузор шуд. Дар доираи форум Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вилояти Свердловски Федератсияи Русия оид ба амалисозии муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, илму техника, иҷтимоиёту гуманитарӣ ба имзо расонида шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Дилбар Қосимова -соли 1936- ҳунарпешаи синамои тоҷик, узви Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон ва ИҶШС (1959). Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1960).
***
Кароматулло Қурбонов — соли 1961 — овозхони тоҷик, мусиқидон ва оҳангсоз, сарояндаи Ансамбли давлатии созӣ-овозии Тоҷикистон «Гулшан», Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон.