Табибони тоҷик зиёда аз 100 амалиёти ҷарроҳии бариатрикӣ гузарониданд

Ноябрь 14, 2024 09:25

ДУШАНБЕ, 14.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Табибони тоҷик давоми беш аз як сол дар зиёда аз 100 бемори гирифтори фарбеҳии вазнашон аз ҳад зиёд амалиёти ҷарроҳии бариатрикӣ гузарониданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, амалиёти ҷарроҳии бариатрикӣ ба таври лапораскопӣ ва бе буриши калони шиками бемор гузаронида мешавад, ки ин дар соҳаи ҷарроҳии мамлакат дастовард ба ҳисоб меравад.

Тибқи иттилои мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо, тавассути амалиёти бариатрикӣ ҳаҷми узвҳои системаи ҳозима, аз ҷумла меъда хурд карда мешавад. Дар натиҷа вазни зиёдатӣ дар муддати муайян кам мегардад. Аз ҳисоби ин ҳаракати беморон хуб шуда, вайроншавии мубодилаи моддаҳо бартараф карда мешавад.

Табиб Фатҳулло Боқиев иброз намуд, ки дар айни замон якчанд намуди маъмули ин амалиёт мавҷуд аст, ки яке аз онҳо буриши остинмонанд ё ба истилоҳи тиббӣ «слив резексия» мебошад. Зимни ин ҷарроҳӣ қисми зиёди меъда бурида гирифта шуда, ҳаҷми истеъмоли хӯрок дар як давра нисбатан кам мегардад. Ғайр аз ин якчанд амалҳои дигар, аз қабили шунткунонӣ, ки кори системаи ҳозимаро каме дигар мекунад ва ҳаҷми истеъмоли хӯрок кам шуда, мубодилаи он ба меъёр медарояд, низ мавҷуд мебошанд. Пас аз иҷрои ин амалҳо мубодилаи моддаҳо дар организм хеле беҳтар шуда, нишондиҳандаи бемории диабети қанд паст мегардад ва дар натиҷа беморон аз оризаҳои он эмин мемонанд.

Бо ворид шудани технологияҳои муосир тамоми амалҳое, ки ба пайдоиши чураҳои девораи шикам ва ҳам дохили мавзеъҳои гуногуни шикам (чураҳои сӯрохии сурхрӯдавии диафрагма) вобаста буданд, аз ҷониби мутахассисони марказ бе буриши калон ҷарроҳӣ карда мешаванд.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 14, 2024 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад