ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 11 ҳазор гектар кишти зироати барвақтӣ гузаронида шудааст

Ноябрь 10, 2024 13:20

ДУШАНБЕ, 10.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ то аввали моҳи ноябр дар 11 ҳазору 228 гектар кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шудааст, ки аз он пиёзи барвақтӣ дар 8075 гектар, сабзӣ дар 1596  гектар, карам дар 646 гектар ва дигар сабзавоти барвақтӣ дар   911 гектар  кишт  шудаст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Чумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба андешаи олимони соҳаи кишоварзӣ, пиёз, карам ва сабзӣ зироати ба хунукӣ тобовар мебошанд. Маҳз ба хунукӣ тобовар будани онҳо боис мегардад, ки истеҳсоли ин маҳсулоти мавриди ниёзи мардум дар фасли тирамоҳ кишт гардад. Кишти чунин маҳсулот ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар ҳамин замина афзун гардонидани содироти сабзавоти барвақтӣ мусоидат менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба обу ҳаво ҳар навъи маҳсулот дар минтақаҳои гуногуни мамлакат дар вақтҳои гуногун кишт карда мешавад.

Дар водии Вахш ва ноҳияҳои дар водибудаи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон пиёзи барвақтиро дар давраи кишти нимаи дуюми моҳи сентябр оғоз намуда, ҳосили онро дар нимаи дуюми моҳи апрел-аввали май ҷамъоварӣ  менамоянд.

Яке аз зироати дигари серистеъмол ин карам мебошад. Ин навъи зироат дар вилояти Хатлон, водии Ҳисор ва вилояти Суғд аз даҳаи сеюми моҳи декабр то даҳаи сеюми моҳи феврал давраи тайёр кардани парварда (кӯчат)-ро дар бар мегирад.

Моҳҳои март- охири апрел-май ба давраи парвариши ҳосили каллакарами барвақтӣ рост меояд. Барои тайёр кардани парвардаи он иншооти муваққатӣ ё доимии плёнкапӯш, бе истифодаи гармии иловагӣ басанда аст.

Олимони соҳаи кишоварзӣ иброз медоранд, ки ҳосили баланди сабзиро дар кишти так­рорӣ баъди ғунучини ҳосили ғалладонагӣ, пиёзу картошкаи барвақтӣ ва лӯбиёдонагиҳо ба даст овардан мумкин аст. Парвариши сабзӣ нимаи дуюми моҳи июл — октябр (бо сабаби хеле паст шудани ҳарорати ҳаво дар ин давра) ба талаботи биологии ин зироат ҷавобгӯ мебошад. Кишти такрории сабзӣ дар ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон — Дӯстӣ, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Қубодиён ва Шаҳритус бо назардошти иқлими нарм дар зимистон, бевосита дар замини кишт мумкин буда, ҳосили бехмева хушсифат мегардад.

Вале бояд дар назар дошт, ки бехмеваи саб­зиро дар ин минтақаҳо дар ҷойи парваришаш то фарорасии нашъунамои соли дуюм (давраи дуюм) бояд ҷамъоварӣ намуд. Дар акси ҳол бо сабаби ҷамъоварӣ накардани ҳосили бехмеваи сабзии кишти такрорӣ, вақте ки сабзиш кард, қисми мобайнии он чӯб мегардад ва сифати молиаш паст шуда, харидор пайдо намекунад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 10, 2024 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид