ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 11 ҳазор гектар кишти зироати барвақтӣ гузаронида шудааст
ДУШАНБЕ, 10.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ то аввали моҳи ноябр дар 11 ҳазору 228 гектар кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шудааст, ки аз он пиёзи барвақтӣ дар 8075 гектар, сабзӣ дар 1596 гектар, карам дар 646 гектар ва дигар сабзавоти барвақтӣ дар 911 гектар кишт шудаст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Чумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба андешаи олимони соҳаи кишоварзӣ, пиёз, карам ва сабзӣ зироати ба хунукӣ тобовар мебошанд. Маҳз ба хунукӣ тобовар будани онҳо боис мегардад, ки истеҳсоли ин маҳсулоти мавриди ниёзи мардум дар фасли тирамоҳ кишт гардад. Кишти чунин маҳсулот ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар ҳамин замина афзун гардонидани содироти сабзавоти барвақтӣ мусоидат менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба обу ҳаво ҳар навъи маҳсулот дар минтақаҳои гуногуни мамлакат дар вақтҳои гуногун кишт карда мешавад.
Дар водии Вахш ва ноҳияҳои дар водибудаи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон пиёзи барвақтиро дар давраи кишти нимаи дуюми моҳи сентябр оғоз намуда, ҳосили онро дар нимаи дуюми моҳи апрел-аввали май ҷамъоварӣ менамоянд.
Яке аз зироати дигари серистеъмол ин карам мебошад. Ин навъи зироат дар вилояти Хатлон, водии Ҳисор ва вилояти Суғд аз даҳаи сеюми моҳи декабр то даҳаи сеюми моҳи феврал давраи тайёр кардани парварда (кӯчат)-ро дар бар мегирад.
Моҳҳои март- охири апрел-май ба давраи парвариши ҳосили каллакарами барвақтӣ рост меояд. Барои тайёр кардани парвардаи он иншооти муваққатӣ ё доимии плёнкапӯш, бе истифодаи гармии иловагӣ басанда аст.
Олимони соҳаи кишоварзӣ иброз медоранд, ки ҳосили баланди сабзиро дар кишти такрорӣ баъди ғунучини ҳосили ғалладонагӣ, пиёзу картошкаи барвақтӣ ва лӯбиёдонагиҳо ба даст овардан мумкин аст. Парвариши сабзӣ нимаи дуюми моҳи июл — октябр (бо сабаби хеле паст шудани ҳарорати ҳаво дар ин давра) ба талаботи биологии ин зироат ҷавобгӯ мебошад. Кишти такрории сабзӣ дар ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон — Дӯстӣ, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Қубодиён ва Шаҳритус бо назардошти иқлими нарм дар зимистон, бевосита дар замини кишт мумкин буда, ҳосили бехмева хушсифат мегардад.
Вале бояд дар назар дошт, ки бехмеваи сабзиро дар ин минтақаҳо дар ҷойи парваришаш то фарорасии нашъунамои соли дуюм (давраи дуюм) бояд ҷамъоварӣ намуд. Дар акси ҳол бо сабаби ҷамъоварӣ накардани ҳосили бехмеваи сабзии кишти такрорӣ, вақте ки сабзиш кард, қисми мобайнии он чӯб мегардад ва сифати молиаш паст шуда, харидор пайдо намекунад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Лоиҳаи сохтмони роҳу пулҳо дар Бадахшон барандаи ҷоизаи байналмилалии FIDIC Contract Users’ Awards-2025 гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми киберҳуқуқии Осиёи Марказӣ–2025 иштирок намуд
Оид ба маблағгузории устувор дар Тоҷикистон машварат баргузор гардид
Сокинони деҳаи Фуруғдеҳи ноҳияи Хуросон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар ноҳияи Ёвон кишти картошка идома дорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтон аз охири моҳи ноябр ва аввали декабр оғоз мегардад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир мегардад
Ассамблеяи СММ оид ба муҳити зист қатъномаи Тоҷикистонро оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера қабул намуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони ноҳияи Ёвон заминҳои наздиҳавлигиро оқилона истифода мебаранд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд майдони гармхонаҳои инноватсионӣ зиёд мегардад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 16 навъи меваи ситрусӣ парвариш меёбад
«МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР СОҲАИ ТИҶОРАТ». Дар Душанбе масъалаҳои муқовимат ба ин зуҳурот ва дастгирии соҳибкорӣ баррасӣ шуданд






