Тоҷикистон соли 2027 мизбони Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор мегардад
ДУШАНБЕ, 03.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон соли 2027 мизбони Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор (бахусус театрҳо) мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Масъалаи баргузории форум 29 октябр зимни вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо ноиби Президенти Конфедератсияи байналмилалии театрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтика, директори генералии Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ ба номи А.Чехов Карина Сатурова мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин ҷонибҳо доир ба баргузории Фестивали намоишҳои коргардонҳои ҷавон, намоиши маҳсули рассомони театрӣ, нашри асарҳои драматургони ҷавон, ташкили вохӯриҳо бо чеҳраҳои шинохтаи театрҳои касбии ҷаҳонӣ ва гузаронидани дарсҳои маҳорат бо ҷалби ҳунармандони ҷавон дар доираи ин форум мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд






