Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб зарурати тавсеаи робитаҳои фарҳангиро таъкид намуданд
ДУШАНБЕ, 26.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар шаҳри Абузабӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Вазири фарҳанг ва ҷавонони Аморот Шайх Cалим ибни Холид Ал-Қосимӣ мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо зарурати тавсеаи равобит байни Тоҷикистон ва Аморот дар бахши фарҳангиро таъкид намуданд.
Ҷонибҳо инчунин масъалаи имзои ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ, ташкил намудани рӯзҳои фарҳанги ҳамдигар, танзими сафарҳои ҳунарӣ, иштирок дар ҳамоиш ва намоишгоҳҳои байналмилалии таҷассумгари мероси фарҳангӣ, маҷмуаи маснуоти осорхонаҳо, маводи табъу нашр ва матбуот, санъат ва ҳунарҳои мардумиро баррасӣ намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб








Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд






