Тоҷикистон ва Австрия ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 30.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар шаҳри Вена мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо мудири кулли Вазорати корҳои аврупоӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Австрия Николаус Маршик баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот атрофи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба ва равобити ҳарду мамлакат дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор карда шуд.
Инчунин дар шаҳри Вена муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо ноиби Президенти Палатаи иқтисоди Австрия Филипп Гади мулоқот намуд.
Зимни он доираи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, тандурустӣ, технологияҳои нав, сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи соҳибкорӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон









РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






