Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 01.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкорӣ дар бахши истихроҷи маъдан, бахусус иштироки ширкатҳои бузурги туркӣ дар корҳои геологӣ ва коркарди маъдан дар Тоҷикистон дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо муовини вазири энергетика ва захираҳои маъдании Ҷумҳурии Туркия Ахмет Берат Чоркар дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мулоқот дар доираи нахустин Форуми байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургия ва намоишгоҳи Тоҷикистон баргузор гардида, ҷонибҳо изҳор доштанд, ки барои густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби муқаррароти комиссияи байниҳукуматӣ имконоти васеъ вуҷуд доранд. Ҷонибҳо азм намудаанд, ки ҳамкориро дар бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла истихроҷи маъдан, кимиё, сохтмон ва соҳаи технологияҳои нав густариш диҳанд.
Инчунин ҷониби Туркия даъват шуд, ки имкони таъсиси Парки саноатии Тоҷикистон ва Туркия барои ташкили корхонаи муштараки истеҳсоли панелҳои офтобӣ ва инвертерҳои офтобӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ бо ҷалби сармоя ва мутахассисони баландпояро аз Туркия баррасӣ намояд.
Мусоҳибон оид ба пайдо намудани роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ гуфтугӯи судманду гуногунҷабҳа анҷом доданд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Дар Минск ҳамкории мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Русия дар самти муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Парвозҳои ҳавоӣ байни Душанбе ва Давҳа барқарор мегарданд
Дар Душанбе Конфронси панҷуми байналмилалии роҳдории Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ баргузор шуд
Намояндагони «Тоҷикаэронавигатсия» бо раванди таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Академияи давлатии авиатсияи Беларус шинос гардиданд






