Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд

Ноябрь 17, 2024 14:14

ДУШАНБЕ, 17.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Амонулло Салимзода бо директори Маркази куриёгии «Kopia» дар Ҷумҳурии Узбекистон Он Сунг Джонг ва  директори Институти илмӣ-таҳқиқотии чорводорӣ ва парандапарварии Ҷумҳурии Узбекистон Азам Нурматов вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба ҳамкории минбаъда дар самтҳои офаридани зотҳои чорвои гӯштӣ ва ширӣ, инчунин баланд бардоштани ҳосили зироати гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла шолӣ ва табодули таҷрибаҳо ибрози назар намуданд.

Инчунин масъалаи кушодани Маркази куриёгии «Kopia» дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Мусоҳибон ба мувофиқа расиданд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин байни Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази куриёгии «Kopia» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, ҳамкории муштаракро тавассути таҳияи лоиҳаҳои илмӣ тақвият бахшанд.

 АКС: Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 17, 2024 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид