Виктория Киселёва аз Тоҷикистон соҳиби медали тиллои мусобиқаи «Hong Kong Asian Open» гардид

Ноябрь 11, 2024 11:51

ДУШАНБЕ, 11.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгардухтар аз Тоҷикистон Виктория Киселёва дар мусобиқаи «Hong Kong Asian Open» оид ба ҷудо байни духтарон дар вазни ҷамъи 78 кг соҳиби медали тилло гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин варзишгари 19-сола дар даври ниҳоӣ бар варзишгардухтари Кореяи Ҷанубӣ ғолиб омад.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи бузурги Осиё — Hong Kong Asian Open-2024 аз Тоҷикистон ду духтари ҷудочӣ — Александра Кан (57 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг) иштирок намуданд.

Ин мусобиқа барои варзишгарон бобати дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ ва рейтинги ҷаҳонӣ марҳилаи муҳим мебошад.

Дар таърихи ҷудои Тоҷикистон ин аввалин медал байни занон маҳсуб мешавад.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

 

Ноябрь 11, 2024 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд