35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун бинои нави шуъбаи маориф ба истифода дода шуд

Декабрь 15, 2024 10:00

ДУШАНБЕ, 15.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун бинои нави шуъбаи маориф мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бинои шуъбаи маорифи ноҳия дар ошёнаҳои якум ва дуюм дорои 10 ҳуҷраи корӣ, ҳуҷраи кории мудир бо қабулгоҳ ва дар ошёнаи сеюм толори маҷлисгоҳ барои 100 ҷойи нишаст ва 3 ҳуҷраи хобгоҳ барои 6 нафар мебошад.

Бо бунёд ва мавриди истифода қарор додани бинои шуъбаи маориф дар ноҳияи Ҷайҳун барои кормандону мутахассисони соҳа шароити арзанда барои кор фароҳам оварда шуд.

Акнун аҳли маорифи ноҳия имкон доранд, ки беҳтар фаъолият намуда, дар рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил ва таълиму тарбияи хонандагон саҳми муносиб гузоранд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 15, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд