Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Ҳисор туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд

Декабрь 27, 2024 13:25

ДУШАНБЕ, 27.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус ва Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сару либоси зимистона ва шириниҳо иборат буданд, тақдим гардиданд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло Неъматуллозода кӯдакони имконияташон маҳдудро аз номи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрику таҳният гуфта, таъкид доштанд, ки кӯдакону наврасон, бахусус маъюбону ятимон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ пайваста зери таваҷҷуҳи ғамхоронаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд ва ҳеҷ гоҳ дар чорроҳаи тақдир танҳо намемонанд.

Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа мавқеи меҳварӣ дошта, таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳо расонида мешаванд.

Зимни тақдими туҳфаҳои таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати низомаш махсуси шаҳри Ҳисор  онҳоро ба азхуд  намудани донишҳои муосир ва иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилаӣ даъват намуда, иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тамоми имкониятро фароҳам овардаанд, то насли наврасу ҷавон бо донишҳои муосир таъмин бошад.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор аз ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба онҳо ёдовар шуда, туҳфаҳои Сарвари давлатро супорид.

Тарбиятгирандагон мактаб-интернатҳои шаҳри Ҳисор ваъда доданд, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо кӯшиш менамоянд, ки хубу аъло хонанд ва дар рушду ободии Ватан саҳми арзанда гузоранд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Декабрь 27, 2024 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид