Ҷаласаи Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон баргузор шуд

Декабрь 13, 2024 18:20

ДУШАНБЕ, 13.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи Фраксияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар рӯзномаи ҷаласа гузориши Раиси Фраксияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода дар давраи солҳои 2020-2024 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Тавре дар ҷаласа таъкид шуд, дар 30 соли фаъолияти Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон як зумра барномаҳои муҳим, ки ба баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардум нигаронида шудаанд, амалӣ гардиданд. Дар ҷаласа иброз гардид, ки ҳоло дар Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 39 вакил муттаҳид шудаанд, ки аз онҳо 14 нафарро занҳо ташкил медиҳанд. Аз 39 вакил – аъзои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 11 нафар доктори илмҳо ва 7 нафар номзади илмҳо мебошанд. Тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои изҳори мавқеи ягонаю ақидаҳои сиёсӣ ва амалигардонии барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти дастҷамъонаро пеш мебарад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботии ҷамъбастӣ аъзои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 152 ҷаласаи Шуро ва 118 иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, дар доираи он дар баррасии беш аз 1000 санади меъёрии ҳуқуқӣ иштирок намуданд.

Дар маҷмуъ, то имрӯз аз шумораи умумии қонунҳои қабулшуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 130 қонун пешниҳод гардида, тасдиқ шудаанд. Ҳоло 51 лоиҳа дар баррасии кумитаҳои Маҷлиси намояндагон қарор доранд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 13, 2024 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид