Дар шаҳри Риёз ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд

Декабрь 20, 2024 09:06

ДУШАНБЕ, 20.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 декабр дар шаҳри Риёз мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Раиси Комиссияи ҳуқуқи инсони Арабистони Саудӣ доктор Ҳала Ат-Тувайҷирӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ   хабар медиҳад.

Зимни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва табодули таҷриба дар ин самт баррасӣ шуданд.

Дар фарҷоми мулоқот Ёддошти тафоҳум байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи ҳуқуқи инсони Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба имзо расид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ 

Декабрь 20, 2024 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид