Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 26.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони мақомоти гумруки мамлакат ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ—ҷустуҷӯӣ бо мақсади пешгирӣ ва ошкор намудани муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ аз шаҳрванд К.Н, сокини шаҳри Душанбе 15 баста маводи тарфгарӣ-пиротехникии истеҳсоли Чинро ошкор ва мусодира намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар дохили ҳар баста 10 қуттича мавҷуд буда, ҷамъ ба миқдори 7 ҳазору 50 дона маводи пиротехникиро ташкил дод.
Вобаста ба ин ҳолат аз тарафи Прокуратураи шаҳри Душанбе бо моддаи 199 иловаи 1 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба К.Н. ва Р. ном шахси номаълум парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
Парванда барои таъмини тафтиши пешакӣ ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






