Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Балхӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим шуданд
ДУШАНБЕ, 27.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзода туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба 156 нафар тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон супорид.
Меҳмонон дар якҷоягӣ бо роҳбарияти ноҳияи Ёвон ба дастпарварони ин муассиса тандурустию муваффақият таманно карда, онҳоро даъват намуданд, ки бо азхуд кардани илму дониш ва касбу ҳунар дар рушду шукуфоии давлату миллат саҳм гузоранд.
Ба тарбиятгирандагон туҳфаҳои идона, аз қабили шириниҳою либосҳои шинаму зебо тақдим гардид.
Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба 189 нафар тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кумак ва туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тақдим намуд.
Ҳамчунин барои тарбиятгирандагони ин муассиса хони идона ороста шуд. Зимни он хонандагон даъват шуданд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ пайваста ба омӯзиш машғул шуда, дар оянда ҳамчун мутахассисони арзанда барои пешрафти Тоҷикистон хизмат намоянд.
Директори Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Мирзо Ғоибназарзода аз номи омӯзгорону шогирдони муассиса барои таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайваста ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори минатдорӣ намуд.
Иброз гардид, ки бо назардошти ин ҳама ғамхориҳо онҳо тасмим гирифтаанд, ки ба раванди таълиму тарбия беҳбудӣ бахшида, фарзандони миллатро дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ба камол расонанд.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






