Беҳтаринҳои Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли 2024 муайян ва соҳиби ҷоизаҳо шуданд
ДУШАНБЕ, 26.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон ба беҳтаринҳои мавсими соли 2024 баргузор гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷоизаҳо ба беҳтаринҳои мавсими гузашта аз рӯи номинатсияҳои гуногун супорида шуданд. Чунончи, ҷоизаи беҳтарин бозингари соли 2024 ба Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе тақдим гардид.
Манучеҳр Ҷалилов инчунин беҳтарин нишонзани Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ мебошад. Вай дар мусобиқоти имсола 17 гол задааст. Дарвоқеъ, ӯ бори панҷум давоми фаъолияташ беҳтарин нишонзани чемпионати Тоҷикистон гардидааст.
Ҷоизаи беҳтарин мураббии Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ насиби Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода шуд.
Рӯйхати барандагони ҷоизаҳои инфиродии Лигаи футболи Тоҷикистон аз рӯи ҷамъбасти соли 2024:
Беҳтарин бозингари Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум: Хайриддин Турахонов аз дастаи футболи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ.
Беҳтарин мураббии Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум: Ҷурахон Мирзоев аз дастаи футболи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ.
Беҳтарин нишонзани Лигаи якуми Тоҷикистон дар соли 2024: Шоҳин Боев аз дастаи футболи «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон бо 25 гол.
Беҳтарин бозингари Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонони Лигаи олӣ: Муҳаммад Назриев аз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе.
Беҳтарин нишонзани ҳайатҳои ҷавонони Лигаи олӣ: Фирӯзҷон Шарипов аз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 29 гол.
Беҳтарин мураббии Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонони Лигаи олӣ: Рустам Қурбонов аз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе
Беҳтарин довари Тоҷикистон дар соли 2024: Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак.
Беҳтарин дарвозабони Лигаи олии Тоҷикистон дар соли 2024: Евгений Гритсенко аз дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб.
Беҳтарин ҳимоятгари Лигаи олии Тоҷикистон дар соли 2024: Бахтиёр Қаландаров аз «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода.
Беҳтарин нимҳимоятгари Лигаи олии Тоҷикистон дар соли 2024: Алишер Ҷалилов аз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе.
Беҳтарин ҳамлагари Лигаи олии Тоҷикистон дар соли 2024: Ҷаҳонгир Эргашев аз дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд.
Беҳтарин нишонзани Лигаи олии Тоҷикистон дар соли 2024: Манучеҳр Ҷалилов аз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 17 гол.
Беҳтарин легионери Чемпионати Тоҷикистон-2024: Деян Тумбас аз дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд.
Беҳтарин мураббии Лигаи олии Тоҷикистон дар соли 2024: Зайниддин Раҳимов аз дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода.
Беҳтарин бозингари Тоҷикистон дар соли 2024: Манучеҳр Ҷалилов аз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт






