Даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2024 муайян гардид

Декабрь 24, 2024 15:21

ДУШАНБЕ, 24.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳ варзишгари беҳтарини соли 2024-ро эълон намуд. Дар ин хусус раиси ин ассотсиатсия Нарзулло Латипов ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.

Бар асоси натиҷагирии назарсанҷии хабарнигорони риштаи варзиш ба даҳгонаи беҳтарини сол намояндагони чор намуди варзиш – ҷудо, бокс, гӯштини озод ва самбо дохил шуданд.

Рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол:

Сомон Маҳмадбеков- барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Пориж-2024 ва чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб дар вазни то 81 кг аз намуди гӯштини ҷудо.

Темур Раҳимов – барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар вазни +100 кг аз намуди гӯштини ҷудо.

Давлат Болтаев — барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар вазни то 92 кг аз намуди бокс.

Абдулмаҷид Кудиев — барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Тиранаи Албания дар вазни то 70 кг аз намуди гӯштии озод;

Акмал Убайдов – барандаи медали тиллои Чемпионати Осиё дар шаҳри Чиангмайи Тайиланд дар вазни то 60 кг аз намуди варзиши бокс.

Виктор Рассадин– барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар вазни то 74 кг аз намуди гӯштини озод;

Парвиз Каримов – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар шаҳри Чиангмайи Тайиланд дар вазни то 92 кг аз намуди бокс.

Эмомалӣ Нуралӣ – барандаи медали тиллои «Tashkent Grand Slam 2024» дар вазни то 66 кг аз намуди гӯштини ҷудо.

Муҳаммадсолеҳ Қувватов – барандаи медали тиллои «Dushanbe Grand Slam 2024» дар вазни то 60 кг аз намуди гӯштини ҷудо.

Сорбон Латифов– барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар вазни то 64 кг аз намуди самбо.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 ва Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб дар намуди гӯштини ҷудо дар вазни то 81 кило медали биринҷиро соҳиб гардид, беҳтарин варзишгари соли 2024 дониста шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Декабрь 24, 2024 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд