Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — таҳти чунин унвон 25 декабр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафар Иброҳимзода доир ба дастовардҳои ҷавонон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат сухан намуд.
Дар ҷараёни ҳамоиш дар мавзуи «Дастовардҳои касбии ҷавонони Осорхонаи миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ» бо рӯнамоии дастовардҳо маъруза пешниҳод шуд.
Бо назардошти музокира ва пешниҳодҳои ҷолиб изҳороти иштирокдорони ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи осорхонашиносӣ қабул гардид.
Дар анҷом як зумра ҷавонони фаъоли соҳаи осорхонашиносӣ бо «Сипоснома»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






