Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид

Декабрь 19, 2024 17:40

ДУШАНБЕ, 19.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист, дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, шореҳи адабии АМИТ «Ховар» Мансур Суруш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Мансур Суруш яке аз тарҷумонҳои номдори тоҷик буда, бо осори мондагор ва баландмазмун дар замони муосир мавқеи намоёнро соҳиб мебошад. Воқеан Мансур Суруш яке аз тарҷумонҳои варзида ва ватандӯсти тоҷик буда, дар тарҷума ва адабиёт хизматҳои шоён намудааст. Аз ҷумла, дар ҳаммуаллифӣ бо доктори илмҳои фалсафа Саидмурод Фаттоҳзода чеҳраи сиёсии Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба қалам кашидаанд, ки он нақш ва саҳми Пешвои миллатро дар ташаккули давлати мустақил ва демократии тоҷикон дар марзи ду аср инъикос мекунад.

Мансур Суруш муаллифи маҷмуаи ҳикояҳо, повестҳо ва ҳикояҳо, аз қабили «Намози бомдодӣ», «Замон ва андеша», «Паҳнои хотира», «Гуноҳи деворбаст», романи «Чала» ва ғайра мебошад. Намоишҳои  ӯ «Акси садои тӯлонӣ», «Ба куштани ман ҳанӯз вақт меёбед», «Шиквае аз ту надорам, асри ман», «Халифа – Лаклак», «Ях ва оташ» дар театрҳои русӣ-драмавии ба номи В. Маяковский  (Душанбе), ба номи А. С. Пушкин (Хуҷанд), инчунин Театри узбекии ҷумҳуриявии ба номи Ш. Бурҳонов  ба саҳна гузошта шудаанд. Мавсуф муаллифи сенарияи филми ҳуҷҷатии  «Аз Душанбе то Тел-Авив» мебошад.

Номбурда  асарҳои як зумра нависандагони тоҷик, аз ҷумла порчаҳо аз китоби «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-и Муҳаммад Авфии Бухорӣ, маҷмуаи ҳикояҳои Урун Кӯҳзод «Рӯзбеҳ», ҳикояҳои ҷудогонаи Абдумалик Баҳорӣ, песаҳои С.Улуғзода — «Гавҳари шабчироғ», Низом Қосим — «Куруш ва Куруз», бобҳо аз романи Саттор Турсун «Завол», мақолаи маъруфи устод С.Айнӣ «Конститутсияи сталинӣ ва яҳудиёни меҳнаткаш»-ро ба забони русӣ тарҷума кардааст. Тарҷумаи китоби андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қисмати таърихии халқи тоҷик таҳти унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» дар эҷодиёти Мансур Суруш мавқеи хос дорад.

Баъзе ҳикояҳо ва мақолаҳои Мансур Суруш дар маҷаллаҳои «Наш современник», «Огонёк», «Родина» (Москва), «Русское поле» (Кишинёв) ва маҷмуаҳои дастҷамъӣ, ки дар Минск ва Ереван нашр шудаанд, рӯи чопро дидаанд.

«Барои зистан ҳамзистӣ мебояд» — маҳз ҳамин идея дар асари нави ӯ  «Ях ва оташ» дӯстона зистанро дар замони пурталотуми имрӯза талқин мекунад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Декабрь 19, 2024 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад