Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
ДУШАНБЕ, 19.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист, дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, шореҳи адабии АМИТ «Ховар» Мансур Суруш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Мансур Суруш яке аз тарҷумонҳои номдори тоҷик буда, бо осори мондагор ва баландмазмун дар замони муосир мавқеи намоёнро соҳиб мебошад. Воқеан Мансур Суруш яке аз тарҷумонҳои варзида ва ватандӯсти тоҷик буда, дар тарҷума ва адабиёт хизматҳои шоён намудааст. Аз ҷумла, дар ҳаммуаллифӣ бо доктори илмҳои фалсафа Саидмурод Фаттоҳзода чеҳраи сиёсии Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба қалам кашидаанд, ки он нақш ва саҳми Пешвои миллатро дар ташаккули давлати мустақил ва демократии тоҷикон дар марзи ду аср инъикос мекунад.
Мансур Суруш муаллифи маҷмуаи ҳикояҳо, повестҳо ва ҳикояҳо, аз қабили «Намози бомдодӣ», «Замон ва андеша», «Паҳнои хотира», «Гуноҳи деворбаст», романи «Чала» ва ғайра мебошад. Намоишҳои ӯ «Акси садои тӯлонӣ», «Ба куштани ман ҳанӯз вақт меёбед», «Шиквае аз ту надорам, асри ман», «Халифа – Лаклак», «Ях ва оташ» дар театрҳои русӣ-драмавии ба номи В. Маяковский (Душанбе), ба номи А. С. Пушкин (Хуҷанд), инчунин Театри узбекии ҷумҳуриявии ба номи Ш. Бурҳонов ба саҳна гузошта шудаанд. Мавсуф муаллифи сенарияи филми ҳуҷҷатии «Аз Душанбе то Тел-Авив» мебошад.
Номбурда асарҳои як зумра нависандагони тоҷик, аз ҷумла порчаҳо аз китоби «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-и Муҳаммад Авфии Бухорӣ, маҷмуаи ҳикояҳои Урун Кӯҳзод «Рӯзбеҳ», ҳикояҳои ҷудогонаи Абдумалик Баҳорӣ, песаҳои С.Улуғзода — «Гавҳари шабчироғ», Низом Қосим — «Куруш ва Куруз», бобҳо аз романи Саттор Турсун «Завол», мақолаи маъруфи устод С.Айнӣ «Конститутсияи сталинӣ ва яҳудиёни меҳнаткаш»-ро ба забони русӣ тарҷума кардааст. Тарҷумаи китоби андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қисмати таърихии халқи тоҷик таҳти унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» дар эҷодиёти Мансур Суруш мавқеи хос дорад.
Баъзе ҳикояҳо ва мақолаҳои Мансур Суруш дар маҷаллаҳои «Наш современник», «Огонёк», «Родина» (Москва), «Русское поле» (Кишинёв) ва маҷмуаҳои дастҷамъӣ, ки дар Минск ва Ереван нашр шудаанд, рӯи чопро дидаанд.
«Барои зистан ҳамзистӣ мебояд» — маҳз ҳамин идея дар асари нави ӯ «Ях ва оташ» дӯстона зистанро дар замони пурталотуми имрӯза талқин мекунад.
АКС: АМИТ «Ховар»











«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






