Дар Хуҷанд вазъи соҳаҳои таҳсилоти ибтидоию миёнаи касбӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи сайёри Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он вазъи соҳаҳои таҳсилоти ибтидоию миёнаи касбӣ ва фаъолияти муассисаҳои ҳудуди вилояти Суғд таҳлилу баррасӣ карда шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар медиҳад, дар ҷаласа масъалаҳои таъмини пойгоҳҳои моддию маънавии муассисаҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ, бунёди муассисаҳои нави таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шаҳру ноҳияҳое, ки ягон муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ надоранд, сохтмону навсозии бино, зимистонгузаронӣ, таҷдиди назар намудани нақшаҳои таълимӣ, баланд бардоштани савияи дониши кормандону омӯзгорон ва ба такмили ихтисос фаро гирифтани онҳо, таъмини иштироки хонандагону донишҷӯён ва кормандону омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуданд.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз намуд, ки тибқи тағйирот ба қонунгузории соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки ҳоло дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, муҳлати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ба истиснои коллеҷҳои соҳаи фарҳанг ва тиб аз 3 сол ба 2 сол расонида мешавад, ки тақозои замон аст.
Таъкид шуд, ки дар доираи «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бояд теъдоди мутахассисони соҳибкасб аз ҳисоби ҷавонони қаламрави вилоят афзоиш дода шуда, барои мутобиқсозии таҳсил ба талаботи бозори меҳнат дар ин давра муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар корхонаҳои ватанӣ таҷриба андӯзанд.
Зимни ҷаласа дигар масъалаҳои соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҳбарони муассисаҳо пешниҳодҳо ва тавсияҳои худро оид ба такмили низоми таълим ва беҳтар кардани шароити корӣ баён намуданд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст






