Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ барномаи 3D-и «Аҷинатеппа» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи 3D-и «Аҷинатеппа» муаррифӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, барнома бо мақсади шиносоии бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ бо мавзеи таърихии «Аҷинатеппа» омода шудааст.
Барнома дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рақамикунонии босифати иқтисоди мамлакат ва ба низоми рақамикунонӣ гузаштани соҳаи сайёҳӣ омода гардид.
Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» қабул гардидааст.
Мақсад аз қабули «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» ба танзим даровардани масоили ҳифз ва истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ, муайян намудани мақоми ҳуқуқии ҳар ёдгорӣ, андешидани тадбирҳои таъхирнопазир барои ҳифзи ҳуқуқии онҳо, ёфтани роҳҳои истифодаи дуруст ва самараноки ҳар иншооти таърихӣ, ташвиқу тарғиб ва ворид намудани онҳо ба мероси ҷаҳонии фарҳангӣ мебошад.
Ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дер боз диққати оламиёнро ба худ ҷалб намудаанд. Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол сайёҳони зиёди хориҷӣ барои шинос шудан бо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва табиати нотакрори мамлакат ба ин сарзамин омада, аз мероси бою рангини он баҳравар ва бо гузаштаю имрӯзи халқи тоҷик аз наздик шинос мешаванд.
Аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфтани 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун яке аз ёдгориҳои нодири Осиёи Марказӣ ва ба рӯйхати объектҳои нодири Шоҳроҳи бузурги абрешим ворид гардидани шаҳраки Панҷакенти Қадим, шаҳраки Бунҷикати Қадим, шаҳри Ҳисор, дайри буддоии «Аҷинатеппа», мадрасаи Хоҷа Машҳад, шаҳраки Тахти Сангин, шаҳри Ҳулбук, Қалъаи Ямчун ва ғайра нишонаи таърихи куҳан ва тамаддуни бой доштани мардуми тоҷик мебошад.
Ёдовар мешавем, ки «Аҷинатеппа» боқимондаи ёдгори меъмории дини будоӣ мебошад. Мувофиқи таҳқиқи бостоншиносон, бутхона дар нимаи дуюми асри 7 ва ибтидои асри 8 фаъолият доштааст. «Аҷинатеппа» аз маркази шаҳри Бохтар 13 километр дуртар, дар Ҷамоати деҳоти «Киров»-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҷойгир шудааст.
Акнун сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ имкон доранд, ки дар бораи ин мавзеи таърихӣ ба воситаи барномаи 3D-и «Аҷинатеппа» маълумот пайдо кунанд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд






