Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 26.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ сохта мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.
Бино аз 7 ошёна иборат буда, барои 260 кат пешбинӣ гардидааст. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд мебошад.
Таъкид шуд, ки ин иқдом дар доираи таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи тандурустӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани шароити муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд амалӣ шуда, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасад.
Дар бинои интенсивии беморхона табобату ҷарроҳӣ бо истифода аз технология ва усулҳои муосир гузаронида мешавад. Табибон метавонанд бо истифода аз ин шароит ба беморон дар сатҳи баланд хизмат расонанд. Ин имкон медиҳад, ки муроҷиати беморон ба хориҷи мамлакат кам гардад.
Ёдовар мешавем, ки 12 августи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои асосии табобатии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷандро баъди таъмиру навсозии куллӣ ва бинои маъмурияти беморхона, Стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ, чойхонаи миллӣ, меҳмонхона ва коргоҳи истеҳсоли оксигени тиббиро ифтитоҳ бахшиданд.
Бо навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии бинои асосии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 шароити муосир ва мутобиқ ба стандартҳои ташхису табобат фароҳам оварда шуд. Дар ошёнаҳои дуюм, сеюм ва чоруми беморхона шуъбаҳо бо катҳои муолиҷавӣ, нуқтаҳои санитарӣ-гигиенӣ, ошхона, лифт ва дигар хизматрасонии зарурӣ барои фаъолияти табибон ва истифодаи беморон муҳайё карда шудаанд.
Дар беморхона табибони соҳибтаҷриба ва мутахассисони ҷавон фаъолият доранд, ки дар ташхис, табобат ва ҷарроҳиҳо соҳибтаҷриба мебошанд. Шароити замонавӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти замони муосир барои боз ҳам баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои наву муосири ташхису табобат ва ҷарроҳиҳо имконияти васеъ фароҳам овардаанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд






