Дар Осорхонаи миллӣ намоиши хайриявӣ баргузор гардид

Декабрь 23, 2024 13:24

ДУШАНБЕ, 23.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллӣ бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки намояндагиҳои корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши хайриявӣ иборат аз маҳсулоти қаннодию нонӣ, ширию гӯштӣ, меваҷот ва армуғонҳо баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Дар намоиш Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин доир ба мақсаду мароми ин чорабинӣ сухан гуфт.

Меҳмонон бо намоиши молу маҳсулоти қаннодӣ ва ҳунармандии намояндагиҳои корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.

Маблағи аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти қаннодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бадастомада дар корҳои хайриявӣ сарф карда мешавад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Декабрь 23, 2024 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд