Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 11.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 12-13 декабр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд»-ро намоиш медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ хабар доданд.
Намоиши «Агар ҷанг намебуд» аз рӯйи асари Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам бо коргардонии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Давлат Убайдуллозода рӯи саҳна омадааст.
Ин намоиш фарогири ҳаёти мардуми одии тоҷик дар даврони Ҷанги дуюми ҷаҳон мебошад. Дар муҳтавои намоиш коргардон кӯшиш намудааст, ки муҳаббат ва садоқати зани тоҷик, дӯстию рафоқат ва ҳолати одамони дар ақибгоҳмондаро нишон диҳад.
Намоиши «Хунхори торросӣ» аз рӯи асари драматург Азиз Несин бо коргардонии Султон Усмонов бори аввал дар Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Ин асар носозгорӣ, ноадолатию нобаробариҳои замони зиндагии нависандаро фаро гирифта, дар бораи хунхоре аз маҳаллаи Торроси Анқара қисса мекунад.
АКС: Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






