Дар шаҳри Риёз мулоқоти роҳбарони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Баҳрайн баргузор шуд

Декабрь 9, 2024 16:38

ДУШАНБЕ, 09.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо Раиси мақомоти гумруки Подшоҳии Баҳрайн Шайх Аҳмад Ҳаммад Ал Халифа мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумрук хабар медиҳад, ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба, инчунин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

Хуршед Каримзода изҳор кард, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд аст таҷрибаи пешқадами давлатҳои минтақаро омӯхта, барои такмили фаъолият ва беҳтар намудани равандҳои гумрукӣ аз он истифода барад.

Шайх Аҳмад Ҳаммад Ал Халифа аз раванди мутобиқсозии фаъолияти гумрукӣ бо истифода аз технологияҳои муосири коммуникатсионӣ барои рушди тиҷорати байналмилалӣ ва баланд бардоштани иқтидори касбии кормандони мақомоти  гумруки подшоҳӣ ёдовар шуд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода

Декабрь 9, 2024 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд