Дар шаҳри Турсунзода аз 4504 кг ангури хушккардашуда 1126 кг мавизи хушсифат истеҳсол намуданд

Декабрь 23, 2024 15:16

ТУРСУНЗОДА, 23.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар шаҳри Турсунзода дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар 22 ҳазору 348 гектар зироати кишоварзӣ кишт карда шуд. Дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар 11 моҳи соли равон ба ду миллиарду 58 миллиону 560 ҳазор сомонӣ расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 687 миллиону 523 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 150,1 фоиз афзудааст.

Тибқи иттилои масъулини Раёсати кишоварзии шаҳри Турсунзода, имсол кишоварзони шаҳри Турсунзода 59901,6 тонна ғалладонагӣ, ки аз он 33840 тоннааш гандум аст, 11490 тонна картошка, 120 ҳазору 271 тонна сабзавот, 821 тонна пахта, 634 тонна зағир, 10 ҳазору 791 тонна маҳсулоти полезӣ, 4423 тонна меваҷот, 44 ҳазору 590 тонна ангур, 4,1 тонна пилла, 5156 тонна гӯшт ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намудаанд.

Дар баробари баланд бардоштани истеҳсоли ангур кишоварзони шаҳри Турсунзода бо соҳибкорони Ҷумҳурии Узбекистон барои коркард ва хушккунии ангур ҳамкорӣ намуданд. Тибқи маълумоти оморӣ, 4504 кг ангур хушк карда шуда, 1126 кг мавизи хушсифат истеҳсол гардид.

Имрӯзҳо дар ҳама шаклҳои хоҷагидории шаҳри Турсунзода дар 69,34 гектар гармхонаҳо мавҷуд мебошанд, ки дар таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти тару тоза саҳми арзанда доранд. Дар ин давра дар 68,76 гектар помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ ва дигар зироат кишт гардид. Ҳамчунин дар 7,65 гектари ин гармхонаҳо лимӯ ва дар 80 садяк замин гул парвариш меёбад.

Дар ин гармхонаҳо 998 тонна помидор, 806 тонна бодиринг ва 367 тонна дигар намуди сабзавот истеҳсол ва ҷамъоварӣ шуда, ба бозорҳои ҷумҳурӣ содирот гардид.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар шаҳри Турсунзода 78 сардхона ва 4 анбор барои беталаф нигоҳ доштани меваю сабзавот фаъолият менамоянд, ки ғунҷоиши онҳо 25 ҳазору 295 тонна мебошад. Миқдори ҷойгиршавии маҳсулот дар сардхонаҳо 24 ҳазору 750 тоннаро ташкил медиҳад. Дар айни замон дар ин сардхонаҳо 6590 тонна ангур ва 750 тонна мева захира гардида, ҳамарӯза ба бозорҳо содирот мешаванд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 23, 2024 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд