Дар Тоҷикистон нахустин маротиба ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф доир мегардад

Декабрь 10, 2024 10:24

ДУШАНБЕ, 10.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар Тоҷикистон ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф баргузор мегардад. Ин пешниҳод зимни баргузории ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (Global Partnership for Education, GPE), ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, пазируфта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф роҳбарони давлатҳои шарик, донорҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ масъалаҳои муҳими пешрафти маорифро баррасӣ намуданд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати дар ҳоли рушд соҳаи маорифро яке аз афзалияти асосии стратегии худ мешуморад. Солҳои охир мо якчанд ислоҳоти муҳимро амалӣ кардем, ки ҳадафи онҳо беҳтар кардани дастрасӣ, фарогирӣ ва сифати таҳсил дар ҳама зинаҳои таълим мебошад.

«Муҳимтарин дастовард ва ташаббусҳои давлати мо  — ин баланд бардоштани дастрасӣ ба таҳсил, хусусан дар минтақаҳои дурдаст, ҷорӣ кардани барномаҳои махсус барои дастгирии духтарон дар таҳсил ва ба таври касбӣ омӯзонидани омӯзгорон бо истифода аз технологияҳои муосир ва беҳтар кардани шароити кори онҳо мебошад», — изҳор дошт Вазири маориф ва илм.

Ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф давоми ду рӯз кори худро дар бахшҳо идома дода, зимни он қарорҳо дар бораи таъсиси сохтори ҳуқуқии ғайритиҷоратии Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф, азнав дида баромадани талабот барои интихоби агентии грантӣ, самтҳои стратегӣ, молия ва маблағҳои Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф, ҷанбаҳои стратегии маблағгузории Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф – 2030 ва созишномаи шарикии «COMPACT» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2005 аъзои Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф мебошад. Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф ташкилоти байналмилалие мебошад, ки бо мақсади дастгирии давлатҳо барои беҳтар намудани сатҳи маориф ва таълим, махсусан дар мамлакатҳои рӯ ба рушд амал мекунад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 10, 2024 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 26 сол дар ноҳияи Восеъ 16 муассисаи нав бунёд карда шуд
Дар Хатлон 37 хатмкунанда соҳиби аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ гардид
«МАКТАБИ ПЕШСАФ — МАКТАБИ ШАРИК». Дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон таҳти чунин унвон низоми нав амалӣ карда мешавад
Осори Робиаи Балхӣ ба 10 забони хориҷӣ тарҷума карда шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди истифода қарор доданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ТОҶИКИСТОН. Таҳти чунин унвон конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
САНАИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии муҳандисӣ-кайҳонӣ сазовори ҷойи дуюм шуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Барои рушди ин соҳа дар Бадахшон зиёда аз 422 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф давоми 25 соли охир 224 баробар зиёд гардид