Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад

Декабрь 24, 2024 14:15

ДУШАНБЕ, 24.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Беларус барои баргузории бозии дӯстона байни тимҳои миллии ду давлат  дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи март ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларус рақобати дӯстона баргузор мешавад. Ин вохӯрӣ 20 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир шуда, соати 16:00 оғоз меёбад.

Дар раддабандии ФИФА дастаи яккачини Тоҷикистон дар зинаи 104-ум ва дастаи мунтахаби Беларус дар ҷойи 98-ум қарор доранд.

Бозӣ бо дастаи мунтахаби Беларус марҳилаи омодагӣ ба вохӯрии даври аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» ба муқобили тими миллии Тимори Шарқӣ мебошад. Вохӯрӣ бо Тиморӣ Шарқӣ 25 март дар Душанбе доир мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Декабрь 24, 2024 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад