ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба машқҳои дастҷамъӣ ҷалб гардид

Декабрь 25, 2024 08:36

ДУШАНБЕ, 25.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол барои ҷамъомади тамринӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб рафт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ дастаи мунтахаби наврасони мо бо ҳамсолонаш аз Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Вохӯриҳо 26 ва 28 декабр дар Абузабӣ баргузор мешаванд.

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Марко Раҷини ба ҷамъомади таълимию тамринӣ 24 бозигар – 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро даъват кардааст.

Бояд гуфт, ки рақобатҳои санҷишии дарпешистода барои тими наврасони Тоҷикистон (U-17) марҳилаи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 мебошад, ки аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Рақибони дастаи мо дар гурӯҳ 23 январ дар қуръакашии мусобиқот маълум мешаванд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 25, 2024 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад