ФУТБОЛ. Пагоҳ «Истиқлол»-и Тоҷикистон бо «Сипоҳон»-и Эрон бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 02.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон бозии охирини марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои 2-и Осиёро дар шаҳри Душанбе ба муқобили дастаи «Сипоҳон»-и Эрон анҷом медиҳад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Вохӯрии дастаҳо 3 декабри соли 2024 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Довари асосии бозӣ Қосим Матар Ал-Ҳатмӣ аз давлати Уммон аст. Дар канорҳои майдон ба ӯ ҳамватанонаш Носир Салим Абдуллоҳ ва Ҳомид Толиб Сайф кумак мекунанд. Довари эҳтиётӣ Яҳё Аҳмад Ал-Балушӣ низ аз Уммон мебошад.
Ҳоло дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» пас аз панҷ бохти пайиҳам бе имтиёз дар зинаи охир аст.
Дар ин гурӯҳ дастаи футболи «Ал-Ваҳдат»-и Урдун бо 11 имтиёз пешгом аст. Дастаи футболи «Шарҷа»-и АМА бо 10 имтиёз дар зинаи дуюм ва дастаи «Сипоҳон»-и Эрон бо 7 имтиёз дар зинаи сеюм мавқеъ гирифтаанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






