Кумакҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе расонида шуданд

Декабрь 27, 2024 08:30

ДУШАНБЕ, 27.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдоми башардӯстонаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаку туҳфаҳои  навбатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе расонида шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Туҳфаҳои Сарвари давлатро ба тарбиятгирандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва дигар намояндагони  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориданд. Туҳфаҳо аз либосҳои мактабию зимистона ва шириниҳои гуногун иборат буданд. Инчунин барои   тарбиятгирандагон хони идона ороста шуд.

Таъкид гардид, ки сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар меҳвари  ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор дошта, аз солҳои нахустини соҳибистиқлолии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Дилрабо Мансурӣ зимни суҳбат бо омӯзгорон таъкид намуд, ки бо тарбиятгирандагон чун бо фарзандони худ муносибат карда,  онҳоро ба забондонию илмомӯзӣ роҳнамоӣ намоянд, то  дар замирашон ҳисси  баланди миллӣ ва ифтихори бузурги ватандӯстӣ пайдо гардад.

Имрӯз Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат расонидани кумакҳоро ба қишрҳои  ниёзманди аҳолӣ, хусусан тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо  дар меҳвари сиёсати инсондӯстона қарор дода, барои онҳо дар муассисаҳои олӣ ва касбӣ шароити арзандаи таҳсил фароҳам овардааст. Ин ҳама имкон медиҳад, ки онҳо дар оянда соҳиби илму дониш гардида, ба Ватан содиқона хизмат намоянд.

Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ муассисаи таълимию тарбиявӣ буда, дар асоси талаботи мавҷудаи «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият мекунад. Дар ин муассиса ба пешрафт ва шукуфоии давлат, тарбияи шогирдон дар руҳияи хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва дарки арзишҳои умумиинсонӣ аҳамияти калон дода мешавад.

Дар айни замон дар муассисаи таълимӣ 33 тарбиятгиранда аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таълим ва тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо 12 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба таълим медиҳанд.

Изҳор гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаашон ба соҳаи маориф афзалият бахшида, дар ин замина омӯзгорро маҳбубтарин шахси ҷомеа меҳисобанд. Пешвои маорифпарвару ваҳдатофари мо омӯзгорро «шоҳсутуни низоми таълиму тарбия» ва пешаи омӯзгорро «муқаддастарин касби рӯи замин» арзёбӣ намудаанд.

Аз ин хотир омӯзгорони ин муассиса даъват шуданд, ки дар раванди фаъолияти пурсамар аз таҷрибаи пешқадам истифода намуда, бо малакаю маҳорати баланд дар тарбияи насли оянда саҳми арзанда гузоранд.  Зеро дар шароити кунунӣ бе таълиму тарбияи бардавом, донистани технологияи иттилоотӣ ва забонҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мақому манзалат пайдо намудани инсоният хеле мушкил аст.

Таълимгирандагони муассиса дар назди меҳмонон  ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории падарона  миннатдорӣ баён намуда, иброз доштанд, ки  ҷавобан ба ин ғамхориҳо  хубу аъло таҳсил намуда, бо тартибу интизоми намунавӣ ба халқу Ватан содиқона хизмат менамоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 27, 2024 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад