МАВСИМИ ЯХОБМОНӢ. Ба 345 гектар боғоти шаҳри Конибодом яхоб монда шуд

Декабрь 22, 2024 14:10

ДУШАНБЕ, 22.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодом аз рӯзҳои аввали сардӣ то имрӯз дар 345 гектар боғҳои мевадиҳанда яхоб монда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар доданд.

Яхобмонӣ аз муҳимтарин корҳои агротехникӣ ба ҳисоб рафта, он асоси нобуд кардани ҳашароти зараррасон ва нигоҳ доштани намӣ дар хок мебошад. Аҳамияти яхобмонӣ аз он иборат аст, ки об дар бехи дарахтон захира шуда, касалиҳои хок ва ҳар гуна ҳашарот нобуд мешаванд.

Тавассути яхобмонӣ давраи  гулкунии дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла бодом ва зардолу  ба қафо партофта мешавад. Инчунин он имконият медиҳад, ки дарахтон аз сардиҳои ногаҳонии баҳорӣ эмин монанд. Вақте ки давраи хунукии ногаҳонии фасли баҳор  гузашт, сипас дар оғози гулкунӣ метавон ҳосили хубу босифат ба даст овард.

Яхобмонӣ ва обмонии захиравӣ дар фасли зимистон яке аз омилҳои фаровонҳосилии минбаъда маҳсуб мешаванд. Аз ин рӯ кишоварзони шаҳри Конибодом дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба  нақша гирифтаанд, ки ин тадбири муҳими агротехникиро то 25 феврали соли 2025 ҷамъбаст намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом

Декабрь 22, 2024 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид