ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба сабади дуюми қуръакашӣ дохил шуд

Декабрь 21, 2024 09:28

ДУШАНБЕ, 21.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё тартиб ва таркиби сабадҳои маросими қуръакашии Ҷоми Осиё-2025  байни  дастаҳои мунтахаби  наврасони то 17-соларо эълон кард. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Қуръакашии қисми ниҳоӣ 23 январ дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, воқеъ дар  шаҳри  Куала-Лумпури Малайзия  баргузор шуда, соати 12:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Дастаи  мунтахаби  наврасони то 17-солаи   Тоҷикистон дар баробари дастаҳои мунтахаби наврасони  Австралия, Яман ва Узбекистон вориди сабади дуюм шуд. Ҳангоми тақсимоти дастаҳои  мунтахаб  ба сабадҳо КФО натиҷаҳои се Ҷоми Осиё байни дастаҳои мунтахаби  наврасон (Ҳиндустон, 2016; Малайзия, 2018 ва Тайиланд, 2023)-ро ба назар гирифтааст.

Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои мунтахаби  наврасони то 17-сола аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Дастаҳое, ки ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбанд, ба Ҷоми ҷаҳон-2025, ки дар Қатар  баргузор мегардад, роҳхат пайдо мекунанд.

Таркиби сабадҳои маросими қуръакашии Ҷоми Осиё-2025  байни дастаҳои  мунтахаби  наврасони  то  17-сола.

Сабади 1: Арабистони Саудӣ (мизбон), Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон;

Сабади 2: Австралия, Яман, Узбекистон, ТОҶИКИСТОН;

Сабади 3: Тайиланд, Ветнам, Уммон; Афғонистон;

Сабади 4: Чин, Индонезия, Кореяи Шимолӣ, АМА

 АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 21, 2024 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд