Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуданд
ДУШАНБЕ, 14.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 13 декабри соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории Ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии 24-уми Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби 30 федератсияи варзишии аъзои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешбарӣ гардида, якдилона пазируфта шуд.
Таъкид гардид, ки саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди Ҳаракати олимпӣ ва дастгирии варзишгарон беназир буда, маҳз бо дастгирӣ ва дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ дар чаҳорчуби сиёсатҳои варзишпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ 11 ҳазор иншооти варзишӣ бунёд ёфтааст, ки аз ин 126 варзишгоҳ, 7601 майдончаи варзишӣ, 2251 толорҳои варзишӣ, 97 ҳавзҳои шиноварӣ, 88 маҷмаа ва марказҳои солимгардонӣ, бошгоҳҳои варзишӣ ва 771 иншооти махсуси варзишӣ фаъолият мекунад.
Дар ҷаласа ҳамчунин Зулфиқор Гулаҳмадзода (ноиби якуми раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон) ва Дилшод Назаров (раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон) ноибони Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Муҳаммадшо Абдуллозода (котиби генералии Федератсияи шиноварии Тоҷикистон) котиби генералӣ, Исмоили Маҳмадзоир (Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон), Муҳаммад Мирзоалиев (директори генералии Федератсияи лижаронии Тоҷикистон), Саодат Носирова (котиби генералии Федератсияи намудҳои варзиши гимнастикаи Тоҷикистон), Нурулло Лоиқов (мушовири Раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон) ва Мунира Абдусаломова (намояндаи Комиссияи варзишгарон), аъзои дигари Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2025-2028 интихоб гардида, нақшаҳои стратегӣ, кор ва буҷети Кумита барои соли 2025 тасдиқ карда шуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд










Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






